17 сентябри соли 2020 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.
Ёддошти тафоҳумро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва директори Генералии Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Шоҳ Замон Майвандӣ ба имзо расониданд. Пас аз баимзорасонии Ёддошти тафоҳум, вохӯрии Раиси Кумита Шерализода Б. А. бо директори Генералии Идораи миллии ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Шоҳ Замон Майвандӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Шерализода таваҷҷуҳи Шоҳ Замон Майвандиро ба масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар самти табодули маълумот ва иттилоот оид ба ҳифзи муҳити зист, сифати об ва тағйирёбии иқлим, дар асоси иқтидори мавҷуда, таҳия ва татбиқи стратегияҳои муштарак оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳамкорӣ дар соҳаи татбиқи созишномаҳои бисёрҷониба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳамкориҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ ҷалб намуд.
Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ сурат гирифта, тарафҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.
Бознашр аз сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон