Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба шароити мусоиди иқлимаш дар самти парваришу истеҳсоли моҳи дар миқёси Ҷумҳури мавқеи хоса дошта кишоварзонаш дар таъминӣ сокинон бо моҳи, ки ҳамҷун ғизои парҳезӣ ба шумор меравад саҳми арзанда доранд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи “Моҳии хушзот” аз калонтарин хоҷагиҳои моҳипарвари дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта дар он 52 – нафар мутахассисон дар доираи 694 гектар кулҳо ба парвариши се намуди моҳи: пешонағафси сафед, амури сафед ва зағорамоҳи машғул мебошанд.
Моҳипарварони хоҷагии мазкур ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар, тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳисоби фоидаи софи хоҷаги беш аз садҳазор кирминамоҳиро ба обанбори неругоҳи оби барқии Сарбанди шаҳри Левакант сард доданд намуданд.
Ба иттилои Самадзода Шоҳрӯх мудири бахши ҳифзи муҳити зистти ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ чунин иқдоми нек тибқи нақша чорабиниҳои роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаи моҳипарвари ва дар ин замин афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли муҳсулоти ғизоии парҳези аз ҷониби моҳипарварони парваришгоҳи моҳии хушзоти ноҳия бори аввал набуда дар оянда низ роҳандози карда мешавад.
Хоҷагидорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи парваришгоҳи Моҳии хушзоди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷори гардидани сабукиҳои дар андози давлати дар самти моҳипарвари руҳбаланд гардида, аз ҳисоби даромади соф, кори худро равнақ мебахшанд.
Ин аст, ки дар назди парваришгоҳ як сехи дудандозии моҳи ва анборҳои нигаҳдории маҳсулот бунёд намуда бо анҷом додани охирин корҳои зарури алакай имсол моҳипарварон истеҳсоли ин намуди маҳсулоти ғизоии парҳезиро ба роҳ монданиянд.
Ба иттилоли масъулини Асатсиатсияи моҳипарваррони вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят дар масоҳати 2147 гектар ҳавзу кулҳо, парвариши моҳи ба роҳмонда шуда, истеҳсоли он дар соли 2019 130 тонна назар ба солҳои зиёд мебошад.
Дар вилоят 253 адад хоҷагиҳои дар самти моҳипарвари машғул ҳастанд, ки давоми як сол 32 адад хоҷагиҳои нави моҳипарвари ба қайд гирифта шудааст.
Моҳипарварони соҳибтаҷрибаи парваришгоҳи моҳии хушзод сол аз сол бо беҳтар гардидани шароити имконоти лозима барои ба дастовардани шуҳрати пешинаи Ҷамият талош намуда, ба нишондиҳандаҳои умедбахши истеҳсоли ноил гардида истодаанд.
Тибқи иттило дар соли 2019 дурнамои истеҳсолии хоҷаги 300 тонна моҳи пешбини гардида буд, вале хоҷагидорон тавонистанд ин нишондодро як баробар зиёд таъмин намоянд.
Имсол хам вобаста ба натиҷаи кори худ нияд доранд, ки илова ба дурнамои сола маҳи истеҳсол намоянд.
Далер Шарипов
котиби матуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон