Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи ҳифи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифи муҳити зисти вилояти Хатлон ва ҳамчунин мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳр барои тозаву озода нигоҳ  доштани кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Бохтар ҷиҳати сазовору хотирмон пешоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кучаву маҳалаҳои шаҳр бо иштироки кормадони ташкилоту муассисаҳои шаҳри инчунин аҳолии шаҳр аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва   баргузор намуд.

Дар рафти акасияи мазкур  канори ҷуйборҳо кучаву маҳалаҳо  аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, гирду атрофи майдони нишони давлати ва Парчами шаҳри Бохтар аз ҳаргуна алафҳои бегона поккори ва гирду атрофи дарахтони зебо нарм гардид.

Ҳаминтавр дар натиҷа зиёда аз 6 м кубӣ  партовҳои  истеҳсолӣ  ва истеъмолӣ  ҷамоварӣ  шуда тавассути  техника ба партовгоҳи расми шаҳри  интиқол дода шуд.

          Далер Шарипов

котиби матбуотии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

 

 

                                                                     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *