Доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2020 дар Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб бо иштироки васеи намояндагони Васоитаи ахбори омма нишасти матбуоти доир гардид.
Дар оғози нишаст Ҳабиблло Қодиров муовини сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб ба рӯзноманигорон атрофи корҳои анҷом дода дар шашмоҳаи аввали соли ҷори маълумот дода иброз аз он дошт, ки ниҳоди болозикр фаъолияти худ сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёми он ба маҷлиси Олӣ баёнгардида, дастуру супоришхои роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят, Раёсат ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон амалӣ гардонида бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама имкониятҳо хубу самаранок истифода бурда истодем то ин ҷашни тарихи милларо бо дастовардҳои арзанда таҷлил намоем.
Ҳабиблло Қодиров дар идомаи баромадаш ба журналистон иттилоъ дод, ки аз тарафи кормандони Бозрасӣ, Шӯъбаю Бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар умум 86–адад санҷишҳои субъектҳои хочагидор гузаронида шудааст, ки 83–ададаш нақшавӣ ва 3 адад ғайринақшавӣ буда, 661 адад дигар амалиётҳои назорати низ гузаронида шудааст.
Аз рӯи санҷишҳо 1318 адад– пешниҳодҳо дода шуда 844–адад дар муҳлати муқараргардида иҷро шудааст, ки ин 64% пешниҳодҳои додашударо ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки аз рӯи нақша ба ободонию кабудизоркунии муҳити зист диққати асосиро равона сохта бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар моҳи феврал ярмарка- фурӯши навниҳолҳо ва тухмии онҳоро дар маркази боғи Сафар Амиршоев шаҳри Кӯлоб гузаронидаанд. Дар ярмаркаи мазкур ниҳолпарварону гулпарварон ба аҳолии шаҳру ноҳияи минтакаи Кӯлоб 22 – хоҷагиҳои ниҳолпарвари давлати ва хусуси беш аз 110980 бех дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда, ҳамешасабзу сояафкан ва 32 намуд гулу буттаҳо ва зиёда аз 1552кг, тухмии дарахтону гулу буттаҳои гуногунро пешкаши аҳолӣ гардониданд.
Дар арафаи ҷашнгирии Иди Наврӯз Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Бозрасӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба воситаи ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр, идораи коммуналии шаҳр ва ҳашари аҳолӣ аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида, сои Тебалайро, ки аз байни шаҳр мегузарад, аз партовҳо ва ифлосиҳо тоза намуданд.
Дар таърихи 4-июни соли равон Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар якҷояги бо шуъбаи шаҳр ва мутахассисони соҳа Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зистро бо гузаронидани аксия «Эмин аз COVID–19» таҷлил гардид. Аксия дар нуқтаҳои серодам, аз ҷумла Терминали шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди бозори Саховат ва Умед –88, маҳалаи Дӯсти ва роҳравҳои шаҳр гузаронида шуд. Зиёда аз сесад буклетҳои экологӣ оид ба пешгирии пандимеяи «Эмин аз COVID – 19» ва маҳлули спирти, дасткашак ва даҳонбандак тақсимот карда шуд. Дар аксия шабакаҳои васоити ахбори омма телевизиони Сафина, Хатлон ва Кӯлоб иштирок доштанд ва ин маъракаро ба навор гирифта ва дар ҳамаи шабакаҳо намоиш дода шуданд.
Таъкид рафт, ки дар ҳамаи шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба муносибати рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист аксияи «Эмин аз COVID – 19 » гузаронидаанд.
Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақа диққати ҷидди барои тоза намудани ҷую каналу соҳилҳо, кӯлу дарёҳо равона сохта дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои минтақа аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил»-ро гузарониданд. Аз рӯи ҳисоботҳо дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 60-маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 80-маротиба аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуданд.
Бидуни ҳамаи ин корҳо дар шашмоҳи соли равон Бозрасӣ ва шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб дар ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва маҳали зисти аҳолӣ 687-маротиба вохуриҳо, 160-маротиба баромад тавассути симо, 77-маротиба баромад тавассути садо карда, 35-то семинар, 43 – мақола дар рӯзнома, 42-то озмуну намоиш ташкил карда шуд.
Ҳамин тавр дар қисмати дигари нишсти мабуотӣ рӯноманигорон доир ба дигар паҳлуҳои дигари кори масъулони Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сулҳо дода ба худ посухҳои мушахас гирифтанд.
Далер Шарипов
Котиби матуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон