Дар  толори конфронсии Кохи фарҳанг ва маркази иттиллотии шаҳри Бохтар  доир ба фаъолияти шашмоҳаи аввали Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар соли 2020 бо ҳузури васеъи рӯзноманигорон  нишасти матбуотӣ сурат гирифт.

Мусозода Шодӣ сардори Раёсати болозикр дар оғоз ба рӯзноманигорон  атрофи корҳои ба сомон расонида дар зарфи   нимсолаи аввали соли  ҷори маъруза намуда  иброз аз он доштд, ки  Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳамчун ваколатдори давлати ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мили, Пешвои миллат, Президенти Мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон     корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.

 Дар идомаи кори нишаст ба кормадони ВАО иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра  тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва риояи дигар санаду меъёрҳои экологӣ дар субъектҳои гуногуни хоҷагидории вилоят чораҳои зарури андешида шуд.

Бар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳти зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амри ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оиди гузаронидани аксияҳо дар маҳал ба тавсиб расида, ба ҳамаи ташкилоту корхонаҳо  дастрас гардида, бо иштироки намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳалли, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар ташкилотҳои давлатию хусуси дар маҷмуъ 18252 нафар шаҳрвандон дар рӯзҳои истироҳати дар шаҳракҳо, кучаву маҳалҳои аҳолинишин, назди ташкилоту корхонаҳои давлатию хусуси, лаб-лаби ҷуйборҳои обгузару заҳкашҳо 187 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуда, ба миқдори 2742,14м3 партовҳо бароварда дар партовгоҳои  доими ҷойгир кунонида безарар гардонида шуд.

 Бояд қайд намуд, ки аз руи маълумотҳои пешниҳодшудаи шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят 91-маротиба аксияҳои «Тозагии соҳил- 2020» гузаронида, дар он  36062 нафар табақаҳои гуногуни аҳоли иштирок намуда, ба дарозии 148 км каналу ҷуйборҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва соҳили манбаъҳои оби дар ҳаҷми  733 м3 аз ҳаргуна партовҳо тоза карда бароварда шудаанд.

  Таъкид рафт, ки  рафти таъмини иҷрои Барномаҳои давлатии соҳавӣ таҳти назорати доими қарор дошта, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои зарури андешида, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷамъбаст гардида, лоиҳаи нави нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  барои солҳои 2020-2030 пешниҳод гардидааст.  

Яке аз омилҳои асосии амали гардидани сиёсати  экологӣ, аз байн бурдани мушкилот ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экологӣ ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Дар доираи иҷроиши “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилоят дар давраи то соли 2020”, ҷиҳати баланд бардоштани фарҳангӣ маърифати экологии аҳолии вилоят корҳои зиёди тарғ иботию ташфиқоти ва чорабиниҳои экологӣ ташкил ва гузаронида шудаанд.

Аз тарафи кормандони соҳа барои аз наздик шинос намудани аҳолии вилоят ба моҳияти ғонуну барномаҳои давлати оид ба ҳифзи муҳити зист  ва баланд бардоштани маърифати экологӣ бо аҳолӣ  1703, бо наврасону мактаббачагон 495 маротиба вохурию суҳбатҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  гузаронида шуданд.

Дар ин давра 65 озмуну  семинарҳо  гузаронида, 36 намоишҳои экологӣ ташкил карда шуданд, ки дар баланд бардоштани маърифату ташаккули донишҳои экологии  хонандагон,  донишҷуён ва табиатистифодабарандагон мусоидат хоҳад намуд.

Дар доираи иҷроиши «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон дар даврои то соли 2020» корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳи оид ба ташаккули муносибат нисбат ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноку оқилонаи сарватҳои табии ва баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолии вилоят роҳандози гардида, дар ҳамкори бо ташкилоту муассисаҳои вобасташудаи Барнома,  лоиҳаи нави нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025»,  ба таври хатти, шакли ва электрони ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.     

Ба муносибати таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист” чорабиниҳои экологӣ, суҳбату вохуриҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқоти байни аҳолӣ баргузор намуда, бахшида ба ин сана баромади кормандони соҳа дар мизи мудаввари телевизиони таҳти унвонии «Ҳифзи табиат-ҳифзи ватан аст» ва радиои вилояти ташкил ва гузаронида шуд.

 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, ҷиҳати иҷрои супоришҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷоннок намудани солимгардонии муҳити зист, чораҳои зидди эпидемики,  ҷиҳати пешгирии паҳншави ва мубориза алайҳи сироятёби аз бемории коронавирус (COVID-19) шоми чоруми июни соли 2020 корҳои безараргардони бо ҷалби 6-адад автомашинаҳои махсус дар роҳу кучаҳои шаҳри Бохтар бо маҳлулҳои гидрохлорити натрии пошида шуданд.

Вобаста ба масъалаи мазкур санаи 5-июни соли 2020 бахшида ба таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар боғи марказии ба номи Раҳ мон Мурчаеви шаҳри Бохтар, ки бо шиору овезаҳо ва Муроҷиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус оро дода шуда буданд, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар доираи маҳдуд маҷлис гузаронида, барои бартараф кардани мушкилотҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист ба монанди ифлосшавии фазои атмосфери, фалокатҳои техногени ва табии, таназулёбии гуногунёбии биологӣ имкониятҳои худро чи гуна истифода мебаранд ва тазакур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷомеаи ҷаҳони дар ҳалли масъалаҳои экологӣ таваҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ин руз аз тарафи кормандони соҳа, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии (COVID-19) дар чор мавзеҳои шаҳри Бохтар аксияи “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” ташкил ва гузаронида, зиёда аз 1000 адади варақаҳои таблиғоти, ниқобҳои муҳофизати, дастпушакҳо ва маводҳои антисептики ба шаҳрвандону сокинони вилоят ройгон дастрас намуда, дар арафаи ҷашн ба собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар ва Шурои маъюбони вилоят маводҳои ғизои дода шадаанд.

Мусозода Шодӣ   дар суханрониашон ҳамчунин ба журналистон  афзуд, ки   дар шароити тағирёбии иқлим, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон  дар ҳалли мушкилоти  глобалӣ  мебошад.

Бо мақсади рушди сайёҳии экологӣ дар мавзеҳои табии диқат ҷалбкунанда ва хотирмони боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда мавзеҳои алоҳидаи сайёҳии табии ташкил шуда, дар ҳамкории кормандони ҳифзи муҳити зист ва кумитаҳои рушди сайёҳи, хатсайрҳои сайёҳӣ  ба мавзеҳои таърихию табии  нақшабанди ва таҳрези  шудаанд.

Бо мақсади таъмини супоришу вазифаҳои дар Паём гузошташуда, хусусан оид ба ҳифзи муҳити зист олами ҳайвоноту наботот, ҳудудҳои махсусмуҳофизатшаванда, ёдгориҳои  таърихи, ҷойҳои муқадас, ки дар миқиёси вилоят хело зиёданд, мо кормандони ҳифзи муҳити зисти вилоят  вобаста ба самтҳои вобасташудаамон нақшаи кори таҳия намуда, иҷрои онро таҳти назорати доими қарор дода дар иҷрои вазифаҳои гузошташудаи сарвари давлат, амали гардидани сиёсати давлатии экологӣ, пешрафти соҳа, хурраму зебо гардонидани диёри азизамон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонамон дар корҳои ободониву созандаги, беҳдошти муҳти зист ва баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудудҳои шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин ва роҳу кучаҳо чораҳои зарури меандешем. 

Дар фароварди нишасти матбуотӣ  кормандони ВАО  ба роҳбарияти Раёсати ҳифзи муҳти зисти вилояти Хатлон доир ба дигар паҳлуҳои масъала ба масъулони соҳа суолҳо дода ба худ посухҳои мушахас гирифтанд.

 Барои ҳамкориҳои пайваста, инъикоси соҳаи ҳифзи муҳити зист, ба як  қатор рӯзноманигрони телевизион ва рӯзномаву маҷалаҳо дар вазияти тан-танави сипосномаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон супорида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

                                  

 

 

                     

 

 

 

 

 

 

 

 

 

               Далер Шарипов

котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *