Бо пайрави аз иқдомҳои неку инсондустонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуъбаи ҳифзи муҳити зист шаҳри Бохтар ба сокинони касбу кори гуногуни шаҳр, ки дар маҳалаҳои шаҳри Бохтар ба ҳашари умумӣ машғул буданд, хамзамон ба занону мардони мардикор баҳри пешгирӣ аз бемории сирояти коронавирус СOVID-19 корҳои муаянеро ба анҷом расониданд.
Дар ин руз аз ҷониби бахши болозикр барои пешгири аз бемории сирояти COVID-19, ки имруз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст 500 адад ниқоб, 500 адад дастпушак 500 адад маҳлули дастпоккуни (антисептик) ройгон ба шаҳрвандоне, ки ба ҳашари умумӣ машғул мебошанд дастрас карда шуд.
Далер Шарипов
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон