Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон дар ноҳия аксии «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия техникаҳои пуриқтидор (мехлопата) ва техникаҳои махсуси партовкашонӣ сафарбаркарда шуда, партовгоҳҳои муаққатии кӯчаи Ваҳдат, Носири Хусрав ва И.Сомонии ҷамоати деҳоти шаҳраки Шаҳритуз аз ҳар гуна партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ тоза карда шуданд.
Аз партовгоҳҳои мазкур бо воситаи техникаҳои махсуси партовкашонӣ ҳудуди 30 м3 партовҳо бароварда тоза карда шуданд.Инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолии ноҳия ва пешгирии роҳҳои паҳншавии бемории сирояти COVID–19 аксияи экологӣ гузаронида шуд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалаҳои аҳолинишин ва манбаҳои обӣ аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта самаранок истифода хоҳад бурд.
Далер Шарифов
котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон