Имрӯз 6- и юли соли 2020 дар толори Раёсати хоҷагии об ва беҳдошти замини вилояти Хатлон бо иштироки Қиёмзода Зарафо, Мавлодод Абдуқодир муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намондагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон натиҷагири аз кории шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳти зисти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар зарфи 6-моҳи соли равон мавриди барасӣ қарор гирифт, ки дар он кормадони дастгоҳи марказии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, мудирони шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Нахуст, Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир ба фаъолияти кории шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли 2020 ҳисобот дод.
«Раёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар масъалаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолӣ гузоштаанд ҳамчун роҳнамо ба роҳбари гирифта, баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатии экологӣ , иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи ҳифзи муҳити зист корҳои муайянеро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.
Гуфта шуд, ки кормандони соҳа дар ин муддат фаъолияташонро дар доираи Низомнома ва ваколатҳои худ, тибқи нақшаи чорабиниҳо баҳри беҳдошти муҳити зист, солимгардони, истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолии вилоят ва таъмини иҷрои Барномаҳои соҳавӣ равона намуда, дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2020 ба миқдори 372 адад санҷишҳо, аз он ҷумла: 363- нақшавӣ,9-ғайринақщавӣ ва 1272 адад дигар амалиётҳои назоратӣ гузаронида, ба субъектҳои хоҷагидор барои риоя накардани талаботҳои қонунгузори ва беҳ гардонидани вазъи экологии иншоотҳо 2800 пешниҳодҳо доданд, ки аз онҳо 1961 ададашон иҷро гардиданд.
Зимни ҷаласа ҳамчунин таъкид рафт, ки барои ҷой доштани камбудиҳо ва вайрон кардани талаботҳои қонунҳо дар самти ҳифзи муҳити зист, тибқи қарору протоколҳои қабулшуда, ба 1286 нафар ба маблағи 188 ҳазору 959 сомонӣ ҷарима баста, аз он ба буҷети давлат 186 ҳазору 692 сомонӣ ё ин, ки 99,0 %-и маблағ ворид гардид, дар 177 ҳолат барои расонидани таъсири манфӣ ба табиат ва муҳити зист ба корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳо ба маблағ и 1-миллион ва ё 323 ҳазору 878 сомонӣ заррар муқаррар намуда, аз ин ҳисоб 280 хазору 979 сомонӣ ё ин, ки 21,2 % ситонида ба буҷҷаи давлат ворид карда шуд.
Оид ба муқарар намудани маблағ и зарар дар шуъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Левакант, Панҷ ва Норак аз мадди назари мутахассисон дур монда дар ин давра нисбати уҳдадориҳои худ бе масъулияти зоҳир намуда зарарҳои иқтисоди дар ҳамаи самтҳо ошкор накардаанд.Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сардорони шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои дар боло зикр гардида нисбати ошкоркуни, муайянкуни ва ҳисобнамудану пешниҳод намудани зарарҳои иқтисоди ба муҳити зист беаҳмияти ва фориғ боли зоҳир менамоянд.
Дар ин давра ҷиҳати чораҷӯ ӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ 128- мавод ба маблағ и 1-миллону 330 ҳазор сомонӣ пешниҳод гардида, аз ин ҳисоб ҳамагӣ 259 хазору 954 сомонӣ ё ин, ки 20,0 %-и маблағ руёнида шуда, боқимонда таҳти баррасӣ қарор доранд. Нишондодҳои зикргардида аз фаъолияти нозири вобастагӣ дошта, он аз тарафи нозирони самтҳои мухталиф ба ҳар як нозир дар шашмоҳаи аввали соли ҷори 15- санад ва 12- протокол рост омада, дар як моҳ 2,5- санад ва 2- протокол-ро ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон пардохтҳои ҳатмии экологӣ тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи муҳосиботи Кумита ва вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои 1 миллиону 388 ҳазору 839 сомонӣ, 2 милиону 143 ҳазору 841 сомонӣ маблағҳо ворид гардид, ки он 117,0 фоизро ташкил медиҳад, ки минтақаи Бохтар 125,0 % ва минтақаи Кулоб-100,0 %-и нақша ҷамъовари карда шудааст.
Барои шикори ғайриқонунӣ ва риоя накардани қонунгузориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи олами ҳайвонот” нисбати 42 нафар шахсони воқеӣ ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима баста пурра ба буҷҷаи давлат ситонида шуд. Барои ғайриқонунӣ шикори ҳойвонот нисбати 9- нафар шаҳрванд ба маблағи 3 хазору 675 сомонӣ зарар муқарар карда шуда пурра ситонида шуд. Ба мақомоти Прокуратура 1 мавод ба маблағи 174 сомонӣ пешниҳод намуда пурра ситонида шудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ барои гирифтани иҷозати шикори ҳайвонот, 2 сар ҳайвоноти нодир аз он ҷумла: 1 адад хирси малла ва 1 адад бузи Пармашох иҷозат ба маблағи 643 ҳазору 72 сомонӣ аз тарафи Кумита дар ноҳияҳои Балҷувон ва Ш.Шоҳин дода шудааст.Барои ғайриқонунӣ шикори сайди моҳӣ ва риоя накардани қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», нисбати 73 нафар шахсони воқеӣ ба маблағи 11 ҳазору 130 сомонӣ ҷарима баста аз он ба маблағи зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат ситонида шудааст. Оид ба ғайриқонуни шикори моҳӣ 20 мавод ба маблағи 168 хазору 44 сомонӣ зарар муайян намуда аз он 3 ҳазору 414 сомонӣ ситонида шуд.
Барои пешгири намудани қонунвайронкуниҳо, гузаронидани тарғибу ташфиқи донишҳои экологӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфери, ошкор намудани қонунвайронкуниҳо ва чораҷуии нозири андешидан 147 адад амалиётҳои нозири гузарониданд.Дар ин давра барои ба танзимдарории партовишҳо аз ҳисоби манбаҳои ҳаракаткунанда ба ҳавои атмосферӣ бо ҳамроҳии милитсияи экологӣ 16 адад рейдҳои муштарак гузаронида нисбати 45 нафар ба маблағи 3 хазору 190 сомонӣ маводҳои маъмури тартиб дода шуд ва маблағи пешниҳодшуда пурра ситонида ба суратҳисоби буҷҷет гузаронида шуд.
Тибқи маълумотҳои пешниҳод намудаи бахшу шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 6-моҳи соли 2020 бо иштироки мактаббачагон, донишҷуён, намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳалли, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар ташкилотҳои давлатию хусуси, дар рӯзҳои истироҳати дар шаҳракҳо кучаву маҳалҳои аҳолинишин назди ташкилоту корхонаҳои давлатию хусуси, лаб-лаби ҷуйборҳои обгузару заҳкашҳо то имруз 187 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд. Дар аксия 68 хазору 252 нафар шаҳрвандон шанбегӣ гузаронида 2742,14 м3 партовҳо бароварда дар партовгоҳои доими ҷойгир кунонида безарар гардонида, 39 адад партовгоҳои муввақатии партовҷамъкуни таъмир карда шуд.
Барои риоя накардани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва Кодекси обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор ва воқеъи дар асоси кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои маъмури тартиб дода ба 287-нафар ба маблағи 252 ҳазору 98 сомонӣ ҷарима баста аз ин маблағ зиёда аз 25 хазор сомонӣ ситонида ба буҷҷаи давлат ворид карда шуд.Барои расонидани зарари иқтисоди ба иншоотҳои оби дар ин мудат ба 28 нафар шахсони алоҳида ба маблағи 2 ҳазору 431 сомонӣ зарар муқарар карда пурра ситонида шуд.
Оид ба амали гардонии ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018- 2028». Аз тарафи шуъбаи Раёсат дар Колеҷи махсус гардонидашудаи шаҳри Бохтар семинар дар мавзуъи «Об омили асосии рушди устувор», дар мактаби таҳсилоти миёнаи умуми №4 семинар ва конференсия дар мавзуъи «Бе об ҳаёт нест», дар Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинарии илми амалӣ бо иштироки кормандони Раёсати маориф, олимону омузгорони Донишкадаи энергетики Тоҷикистон ва дар ноҳияи Кушониён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва 14 бахшида ба рӯзи 5-уми июн оиди амалишавии бандҳои нақша чорабинии Даҳсолаи ҷараён дошта гузаронида барои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои оби ва рафти Аксияи «Тозагии соҳил» мутахассисони соҳа дар телевизони Хатлон баромад намуданд.
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгири ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19, ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-марти соли 2020 вабаста ба Амри Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон тасдиқи шудааст, дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати доими гузаронидани корҳои безараргардони ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, диққати асоси ба таъмини маводҳои безараргардони, маводҳои антисептики, хлодор, таҷҳизотҳои механикии дорупоши, ниқобу дастпушакҳо ва гузоштани монеаҳои дизефексиони дар биноҳои маъмури ва гузаргоҳҳои серодам равона намуда, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист аксияҳои “Тозагии маҳал ва соҳил”-ро гузарониданд.
Мутахассисони Раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон баҳри беҳтар кардани ҳолати экологии иншоотҳо, таҳияи ҳуҷатҳои меъёри, баланд бардоштани маърифати экологӣ, пурзур намудани фаъолияти нозири ва иҷрои Барномаҳои соҳави боз ҳам таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, фаъолияти худро дар давоми семоҳаи дуюми соли ҷори беҳтар намуда, супоришҳои аз тарафи Кумита додашударо дар муҳлатҳои муайяншуда иҷро менамоянд.Итминони комил дорам, ки кормандони Раёсат ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта чораҳо андешида, дар оянда фаъолияташонро боз ҳам беҳтар роҳандозӣ менамоянд”, — иброз дошт сардори Раёсати ҳифи муҳити зисти вилоят.
Дар идомаи кори ҷаласа, мудирони шуъба ва бахшҳои ҳифи муҳити зисти шаҳри Бохтар, Левакант, ноҳиҳои Кӯшонинён, Ҳамадонӣ Восеъ, Панҷ, Ҷайҳун, Темурмалик, Вахш, Ховалинг, Балҷувон ва Хӯросон аз ҷониби муовинони раиси Кумита пурсиш ба амал оварда шуда, як қатор дастуру ҳидоятҳо дар самти пешбурди кори экалогӣ дода шуд.
Инчунин Абдулвоҳид Миралишоев Сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб дар назди ҳозирин роҷеъ ба фаъолити кори шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти дар минтақаи Кӯлоб буда, баромад карда аз натиҷа ва бурду бохти онҳо дар назди намояндагони Кумитаи ҳифи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат ахборот дод.
Қиёмзода Зарафо, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ худ оид ба иҷроиши босифати кори Раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баромад намуданд.
Ҳамчунин муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҳукумати кишвар таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодаги бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба фаъолияти назарас дошта бошад.
Ҳаминтавр кори ҷаласаи шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 6-моҳи соли 2020 дар сатҳи баланд ба кори худ анҷом бахшид.
Далер Шарипов
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон