Чанде пеш, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи назоратии назди раиси вилоят баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гузориши муовини якум ва муовинони раиси вилоятро оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ шунида, ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ, фаъолгардонии корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, таъмини иҷрои нақшаи андоз, тақвият бахшидан ба кори ситоди вилоятӣ ва ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба пурзӯрнамоии тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ, таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани раванди истифодаи самараовари заминҳои кишт, саривақт анҷом додани кишти такрорӣ, чораандешӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, пешбурди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, тақвияти корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқӣ ва тиббии шаҳрвандон дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Раиси вилоят инчунин таъкид намуданд, ки муроҷиати ҳар як шаҳрванд дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бояд саривақт ва ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли арзу пешниҳодоти онҳо дар муҳлати кутоҳ тадбирандешӣ сурат бигирад.
Бознашр аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон