27-июни соли 1997 баъди музокироти тулони ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми ватан, таъмини сулҳу субот, сарҷамъи миллат ва зиндагии ороми мардуми мамлакат созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти милли дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ҳар гиз аз хотири сокинони ватандусти он зудуда нахоҳад шуд.
Ба ифтихори 23-умин солгарди Рӯзи ваҳдати милии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар боғи фарҳангию фароғ атии ноҳия аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.
Дар ин аксия, сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияви низ саҳами ба тозагии боғ ҷалб гардида, саҳми хешро дар тозаву озода нигоҳдоштани муҳити зист гузоштанд.
Гуфта шуд, ки воқен ҳам ваҳдати милли дар таърихи навини тоҷикон сарнавиштсоз ва ҳалкунанда буд, ин созишнома ба ҷанги таҳмилии шаҳрваанди хотима бахшид. Барои оғози рушди давлатдори тоҷикистон, ҳаёти орому осудаи мардум замина гузошт. Ваҳдати милли даллелест барои пойдории давлат ва бақои миллати тоҷдори Тоҷикистон.
Далер Шарипов
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон