Бо пайрави аз иқдомҳои неку инсондустонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳти зист бахши ҳифзи муҳити зист ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ дар маркази ноҳия баҳри пешгирӣ аз бемории сирояти нави коронавирус СOVID-19 корҳои муаянеро ба анҷом расонид.
Аз ҷониби бахши болозикр барои пешгири аз бемории сирояти короновирус COV ID-19, ки имруз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст 400 адад ниқоб, 400 адад дастпушак 150 адад маҳлули дастпоккуни (антисептик) ройгон ба шаҳрвандон, кормандони ташкилоту идораҳо ва сохтмончиёни варзишгоҳи ноҳия дастрас карда шуд.
Чунин корҳои некро аз руи нақшаи чорабиниҳои муайнгашта Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, кормадони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷайҳун низ бо аҳоли кормадони касбу кори гуногун ба анҷом расонидаанд.
Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ва ҳамчунин бахши ҳифзи муҳити зист ноҳияи Ҷайҳун итилоъ доданд, ки миллати тоҷдори тоҷик таҳти сарпарастии фарзанди фарзонаи миллат, сарвари ғ амхору дилсузи миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бемории сирояти короновирус COV ID-19-ро мағ луб хоҳем кард.
Далер Шарипов
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон