Ҳамасола 5 июн Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист таҷлил карда мешавад. Санаи 3 июни соли равон дар дораи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо иштирок намояндаони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар Идораи Телевиион ва радиои вилояти Хатлон дар мавзуи «Ҳифзи табиат – ҳифзи ватан аст» мизи мудавар доир гардид.
Зимни оғози мизи мудавар сухан роҷеъ ба 5 июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, қатномаи Созмони Милали Мутаҳид, ки пешниҳоди чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвоимиллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди масоили об, ки он даҳсолаи байналмилали об барои рушди устуров барои солҳои 2018- 2028 унвон гирифтааст ҷомеаи ҷаҳони бо хушнуди пазируфт. Ва он аз ҷониби зиёда аз 190 давлати дунё дастгири комилёфт, Ташабусҳои некуинсон дустона ва саривақти сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масаи об ва истифодаи сарфакорона он бори дигар мавқеи Тоҷикистон-ро дар ҷомеаи ҷаҳони боло бар дошт сухан рафт.
Инчунин доир ба тозаву озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зисту ҳифзи ҳавои атмосфери, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, Сайдҷафар Сафарзода рӯзноманигори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон суолҳо дода намояндаони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон посухҳои мушахас гуфтанд.
Далер Шарифов
котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон