Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон итиллоъ дод, ки баҳри иҷрои фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати беҳдошти муҳити зист, дар ҳолати хуби санитарию экологӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, биноҳои маъмурии ташкилоту массисаҳо аз ифлосиҳо, эмин нигоҳ доштани манбаҳои обӣ, бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”, ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  шуъба ва бахшҳои Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят  давоми 4-моҳи соли равон зиёда аз 114-маротиба аксияҳои “Тозагии маҳал ва соҳил” гузаронида шуданд, ки дар онҳо 44 ҳазору 372 нафар ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ иштирок намуда, масоҳати 1243,0м3 ва ба дарозии 72,0 км  соҳили каналу ҷуйборҳо тоза карда, партовҳо баровардаву безарар гардонида шудаанд.

Ҳамчунин итиллоъ дода шуд, ки  110 адад партовгоҳои муввақатии партовҷамъкунӣ таъмир карда шуда, 30- маротиба намоишҳо оиди аксияи «Тозагии маҳал»  тариқи садо ва симо  гузаронида шуд.

      котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *