Аз тарафи кормадони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар доираи гузаронидани як амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Яккадин назди маъмнунгоҳи «Бешаи Палангон» шаҳрванд Менпулатов Нуриддинро дастгир намуда, муайян карда шуд, ки шаҳрванд Менпулатов Н аз дохили кулҳои маъмнунгоҳи «Бешаи Палангон» худсарона ва ғайри қонунӣ бо тур шикор намуда 10 адад моҳӣ ва 6 сар мурғобии дашти сайд намуда ба муҳити зист ба маблағи 1-ҳазору 858 сомонӣ зарар расонида шудааст.
Нисбати шаҳрванд протаколи ҳуқуқвавронкунӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти Прокротураи вилояти Хатлон барои чораҳои зарурӣ андешидан пешниҳод гардид.
Инчунин аз тарафи мутахассиси Шуъбаи назоратии давлатии истифодаи олами наботот ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат Одинаев Зайниддин дар ноҳияи Носири Хусрав ҷамоати деҳоти «Фируза» деҳаи «Тулаған» дар якҷоягӣ бо мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрав амалиёти фаврӣ гузаронида нисбати шаҳрвандон истиқоматкунандаи ҳамин ноҳия Тошқуватов Рамазонбой ва Ғаниев Анвар дастгир намуда муайян намуданд, ки шаҳрвандон аз дохили кулҳои ноҳия дар дохили қайқи резинӣ 130 дона моҳии намуди Карп ва 5 дона моҳии намуди Леш мавҷуд дошт, ки моҳиёнро бо усули худсози барқӣ (электроудочка) ғайриқонунӣ шикор намудааст, ки ба муҳити зист зарар расонида шудааст. Ва дар ин баробар ба маблағи 7 ҳазору 830 сомонӣ зарар расонида шудааст, ки ҳисоби зарарро ба мақомоти суди ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон барои чораxои зарурӣ пешниҳод намудем, ки нисбати он парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 230 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Xумҳурии Тоxикистон оғоз намуда, ба Суди ноҳияи Носири Хусрав оид ба барқарор намудани зарари ба табиат расонидашуда ирсол карда шуд.
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон