Аз ҷониби мутахасисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар доираи қонунҳои амалкунанда пайваста баҳри ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот “Амалиётҳои фаврӣ” гузаронида мешавад.
Дар доираи гузаронидани як амалиёти фаврӣ аз ҷониби мутахасисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун назди канали обгузари КС-5 шаҳрвандони ноҳияи мазкур Аминов Асадулло ва Маҳмадшоев Додарxон дарахтони сояафкани намуди Сафедор ва Айлонро барои тоза намудани дохили канал аз қум дарахтонро худсарона ва ғайри қонунӣ бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба миқдори 24 адад бо арраи бензинӣ аз бехаш бурида, ба муҳити зист зарар ба маблағи 8 -ҳазору 816 сомонӣ расонида шудааст.
Нисбати қонунвайронгунандагон аз тарафи шуъбаи таҳқиқии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи 234 қисми 2 КҶ Xумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ба Суди ноҳияи Ҷайҳун оид ба барқарор намудани зарари ба табиат расонида шуда ирсол карда шуд.
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон