Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Панҷ дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ барои тозаву озода нигоҳ доштани кучаву маҳаллаҳо ва сазовор пешвоз гирифтани ҳашни «Наврӯзӣ байналмилалӣ» дар ҷамоати шаҳраки ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳои ва аҳолии шаҳрак ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ҷуйборҳо ва новаҳои обгузарро дар кучаи 50 солагии Қушунҳои Сарҳади аз партовҳо тоза намуда, гирду атрофи дарахтонро нарм карда аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза намуданд. Инчунин дар ин рӯз аз тарафи ҷамоати шаҳраки ноҳия дар ин куча дар шафати шоҳроҳ 200 бех ниҳолони ҳамешасабз шинонида шуд. Дар ин ҳашари дастаҷамъона 400 нафар аҳоли иштирок намуда зиёда аз 4 м3 куб партовҳои истеҳсоли ва истеъмоли ҷамъовари шударо тавасути техника ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.
2020-03-16