Баҳри омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рузҳои истироҳатӣ дар ҳудуди ноҳия ҳашарҳои умумӣ барои беҳдошти экологии муҳити зист гузаронида мешавад.                            

3 августи  соли 2019 аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраки «Дустӣ » ва деҳоти «Панҷ» аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд, ки дар чорабиниҳои мазкур зиёда аз 750 нафар кормандони корхонаву муассисаҳои ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, роҳу роҳравҳо, кӯчаҳо, маҳалҳои аҳолинишин, лаби ҷуйбору заҳбурҳоро аз ҳаргуна алафу хошокҳо ва партовҳо тоза намуданд. Бо ёрии техникаҳои вобасташуда ба миқдори 25 тона партовҳои ҷамъоварда  аз ҷойҳо бароварда шуданд.

 Корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва  беҳдошти муҳити зист дар ҳудуди ноҳия бомаром идома дорад.

Comments are closed, but trackbacks and pingbacks are open.