Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон баҳри тозагии муҳити зист дар маҳалҳои аҳолинишин ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, 27 июли соли ҷорӣ шанбегии навбатии оммавиро ташкил намуд.

Дар шанбегии мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳои тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Корҳои ободонию созандагӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия бомаром идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *