Аз ҷониби Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷиҳати гузаронидани «Рӯзи байналмилалии Замин», дар якҷоягӣ бо шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти минтақа корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.

Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб тибӯи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 бахшида ба Рӯзи байналмилалии Замин дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб санаи 20 апрели соли 2019 дар ҳашт муассиса чорабиниро дар 3 номинатсия баргузор намуд. Бахши номбурда аз «Моналог дар бораи Замин», «Шеър дар васфи замин», «Расми беҳтарин»  иборат буд.

Баъди натиҷагирӣ ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои  хотиравии Раёсати маориф ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кулоб сарфароз гардонда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *