Ҷиҳати тоза нигоҳ доштани соҳили манбаъҳои обӣ, пешгирии ифлосшавии онҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2019, №10 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аксияи «Тозагии соҳил-2019» гузаронида шуда истодааст.
Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар аксияҳои гузаронидашуда 89666 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, 440 км каналҳои магистралӣ, обанборҳо, соҳили дарёҳо тоза карда шуда, ба миқдори 8502 м3 партовҳо ба партовгоҳҳои расмии шаҳру ноҳиявӣ бароварда шуданд.